Наврасони Академияи ФФТ дар мусобиқаи байналмилалии Алмаато иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ байни футболбозони соли таваллудашон 2003 бахшида ба хотираи Арбоби давлатии Қазоқистон Нурлан Каппаров иштирок кард. Мусобиқаҳо дар шаҳри Алмаато сурат гирифтанд ва дар онҳо шаш даста -«Ғайрат» (Алмаато), «Зенит» (Санкт-Петербург), «Пахтакор» (Тошканд), «Дордой» (Бишкек), Академияи ФФТ (Душанбе) ва «Велвет» (Алмаато) ширкат варзиданд.
Дастаи Академияи ФФТ дар як давр панҷ вохӯрӣ барпо карда, бар «Велвет» (Алмаато) бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад ва қувваозмоӣ бо дастаи «Дордой» (Бишкек) мусовӣ- 1:1 ба анҷом расид. Футболбозони мо аз дастаи «Зенит» (Санкт-Петербург) бо ҳисоби 0:8, аз «Пахтакор» бо ҳисоби 1:2 ва аз «Ғайрат» бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардиданд.
Директори Академияи ФФТ Умедҷон Умаров дар мусоҳиба ба сомонаи расмии ФФТ арз кардааст, ки даста дар ин мусобиқа таҷрибаи бой андӯхт,ки он дар оянда ба кор хоҳад омад.
«Барои футболбозони мо ин аввалин таҷрибаи бозиҳои байналмилалӣ буд. Онҳо дар ҳаяҷон буданд ва худро хуб нишон доданд, аммо дар баъзе бозиҳо доварон ба хатоҳо роҳ доданд, ки ба натиҷа таъсир расонд. Ба ин нигоҳ накарда, мусобиқаҳо хеле ҷолибу шавқовар гузаштанд», -изҳор намуд Умедҷон Умаров.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






