«Нидои Хайём» дар Фестивали байналхалқии «Мулоқот дар Россия» садо медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бо намоиши «Нидои Хайём» дар XIX Фестивали байналхалқии театрии ИДМ ва Балтия таҳти унвони «Мулоқот дар Россия» иштирок мекунанд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фестивал 11 апрели соли равон оғоз гардида ва тӯли он як ҳафта идома меёбад. Дар радифи ҳунарпешагони театри тоҷик дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз Латвия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Украина ҳунарнамоӣ мекунанд.
«Нидои Хайём» аз рӯи асари нависанда ва драматурги шинохта Темур Зулфиқоров бо коргардонии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков рӯи саҳна омадааст. Нақши асосиро дар он ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев иҷро мекунад.
Аввалин Фестивали байналхалқии «Мулоқот дар Россия» соли 1998 бо дастгирии Хазинаи «Маркази балтикии фестивали байналхалқӣ» доир шуда буд. Имрӯз Фестивал ба ҷашнвораи бузурги аҳли санъат ва ҳунар табдил ёфтааст. Он ба ҳунарпешагони кишварҳои гуногун имкон медиҳад, ки бо ҳам табодули таҷриба намуда, муттаҳид гарданд. Фестивал бо дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия, Агентии федералии кор бо ИДМ, Ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ, Иттифоқи арбобони театри Россия ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






