Қочоқчиёни маводи нашъаовар маҳкум гардиданд

Апрель 12, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ бо ҳукми суд барои 20- 25 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби кормандони агентӣ ошкор гардида, роҳбар ва аъзои фаъоли он — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Сиддиқи Зирак бо 203 кг. 622 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш дастгир карда шуданд.
 Дар асоси маълумоти мавҷуда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев, бо тахаллуси «Нури-Қарағоч» роҳбари тоҷикистонии гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ буда, солҳои зиёд ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон машғул мебошад.
Тафтишот муайян намудааст, ки шаҳрванди ҶИА роҳбарии умумии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро бар уҳда дошта, тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2016 қочоқи 203 кг. 622 грамм воситаҳои нашъадорро аз ҶИА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан назорат намудааст. Аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллии мазкур бо дастур ва супоришҳои роҳбари гурӯҳи муташаккил миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро бастабандӣ намуда, минбаъд тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол додаанд.

 

02Баъд аз ин, як узви фаъоли гурӯҳ- шаҳрванди ҶИА Муҳаммад Сиддиқи Зирак аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада, он воситаҳои нашъадорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст. Барои дар ҷойи бехавф нигоҳ доштан ва минбаъд ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия бо тариқи қочоқ интиқол намудан, воситаҳои нашъадорро аз рӯи маслиҳати пешакӣ бояд ба роҳбари гурӯҳи тоҷикистонӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Нуралӣ Додарович медод.

Н. Бобоев бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва минбаъд интиқол намудани 203 кг. 622 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш ба хориҷи кишвар, ба Муҳаммад Зирак як мошин дода, пешниҳод намудааст, ки он воситаҳои нашъадорро дар ин мошин ҷой намуда, ба ӯ оварда диҳад. Муҳаммад Сиддиқи Зирак супориши шарики ҷиноятии худ Н. Бобоевро иҷро намудааст.
13 декабри соли 2016 ҳангоми додани воситаҳои нашъадор аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ шаҳрванди ҶИА Муҳаммад Сиддиқи Зирак ва роҳбари тоҷикистонии он- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев бо 203 кг. 622 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш дастгир карда шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

03Баъд аз тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби мақомоти судӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Бобоев ва шаҳрванди ҶИА Муҳаммад Сиддиқи Зирак бо моддаҳои дар боло зикргардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, Сиддиқи Муҳаммад Зирак ба 25 сол маҳрум намудан аз озодӣ ва Бобоев Нуралӣ Додарович ба 20 сол маҳрум намудан аз озодӣ маҳкум шуданд.
Инчунин бо ҳукми суд 2 адад мошини гаронбаҳо ва зиёда аз 6000 доллари амрикоӣ пули нақд, ҷамъ маблағи зиёда аз 385 000 сомонӣ мусодира карда шуд.
Дар робита ба ин қазия Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мактуб равон намуд, то ин ки саркарда ва аъзои боқимондаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ҳоло дар Афғонистон фаъолият менамоянд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Апрель 12, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд