Суғд: нақшаи даъвати баҳории наваскарон беш аз 50 фоиз иҷро гардид
ХУҶАНД, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳҳои наваскарон идома дорад.
Дар Амфитеатри назди Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба гусели 1200 нафар наваскарон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ ҷамъомади ботантана баргузор шуд. Дар он зикр шуд, ки дар вилоят нақшаи даъвати баҳорӣ 50 фоиз иҷро гардид.
Дар ҷамъомад раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят, волидону собиқадорони меҳнат, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳо ширкат намуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки «хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Имрӯзҳо фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати аскарон пайваста дар зери назари Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидааст».
Фаъолияти хуб, корбарии муташаккилонаи фаъолон ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Деваштич ва Зафаробод буд, ки онҳо дар рӯзи аввали гусели наваскарон беш аз 70 фисади нақшаи даъвати баҳориро ба иҷро расониданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






