Як ҳафтаи пур аз нишот бо китоб
ДУШАНБЕ, 08.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб дар Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ ба иди ҳақиқии адибон ва мухлисони китобу адабиёт табдил ёфт.
Тавре аз Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ хабар доданд, маросими ҷамъбасти фестивал бо иштироки фаъолон, ғолибони озмунҳои «Намоиши китоб», «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир», «Хонандаи фаъоли китобхона» ва «Мо ва Шоҳнома» бо иштироки васеи аҳли илму адаб, намояндагони фарҳанг, маориф, илм ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар хатми фестивал созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, китобдорон, омӯзгорон ва хонандагон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






