12 май-Рӯзи Шашмақом: мактаби «устод-шогирд»-ҳамчун омили рушди анъанаҳои мусиқии касбӣ

Май 12, 2017 11:31

ДУШАНБЕ, 12.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи Шашмақому Фалак шароити мусоид муҳайё месозад. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо доктори илмҳои санъатшиносӣ, коршиноси Комиссияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба мусиқии суннатӣ Аслиддин Низомов суҳбат анҷом дод.

«Ховар»:  Мақсад аз қабули ин барнома ва роҳандозии мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?

Аслиддин Низомов: Мусиқии классикии мо, чӣ Шашмақом ва чӣ Фалак, асосан санъати шифоҳӣ ба шумор меравад ва маҳз аз ҳамин сабаб омӯхтани  нозукиҳо ва ба шогирдон омӯзонидани онҳо малака ва услуби хосеро талаб мекунад. Масалан,  дар консерваторияҳои Аврупо тамоми низоми таълим аз рӯйи нота ҷорӣ карда шудааст ва донишҷӯёну устодон танҳо тариқи хаттӣ, яъне аз рӯйи нота мусиқӣ меомӯзанд. Ҳар он чизе, ки дар нота навишта шудааст, айнан ҳамон гуна аз муаллим ба шогирд мегузарад. Аммо мусиқии классикии мо- Шашмақом паҳлӯҳои хеле гуногунранги эҷодӣ, намунаҳо ва услубҳои мухталиф дорад. Ин ҳолат ба анъанаи фалакхонӣ ҳам алоқаманд аст, зеро чӣ дар Бадахшон, чӣ дар Хатлонзамин ва чӣ дар водии Рашту Мастчоҳи кӯҳӣ фалакхонӣ дорои услубҳои  гуногун мебошад. Ин санъатҳо шифоҳӣ ҳастанд ва ин гуна падидаро омӯхта, ба шогирдон интиқол додан методикаи махсуси таълимиро талаб мекунад. Ин қарори Ҳукумати кишвар ба он равона карда шудааст, ки мо дар баробари услубҳои академие, ки дар  ҳамаи консерваторияҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд,  услуби қадимии суннатии устод ва шогирдро истифода барем.

«Ховар»: Мактаби устод ва шогирд чӣ гуна низомест ва нақши он дар сайқал додани эҷодиёти бадеӣ ва касбият имрӯз дар чӣ зоҳир меёбад?

Аслиддин Низомов: Вақте ки шогирд дар назди устод як ё ду сол не, панҷ ё даҳ сол таҳсил мегирад, бо ҳамон услуб аз устод на танҳо  оҳангро меомӯзад, балки ҳамаи он сифатҳои беҳтарини устодашро ҳамчун намунаи ибрат қабул мекунад, меҳраш ба ин касби нозук устувор мешавад. Меҳри касбро ба дили шогирд ворид кардан бисёр кори душвор аст ва маҳз  услуби таълимии устод ва шогирд ин вазифаи хеле ҳам муҳимро иҷро мекунад.

шашмаком6

Шогирд дар ҷараёни таҳсил мушоҳида мекунад, ки устодаш дар кадом марҳилаи зиндагӣ ва кадом дараҷа қарор дорад,  чӣ гуна асбобҳои мусиқиро менавозад, обрӯву нуфузашро дар ҷомеа чӣ тавр бунёд кардааст. Ҳамаи ин нозукиҳо дар ҷараёни истифодаи таълим бо услуби  «устод ва шогирд» аз бар карда мешаванд ва фикр мекунам, ки ин иқдоми Ҳукумат барои тағйир додани низоми таълим дар мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, мактабҳои олӣ-ҳам  Консерватория ва ҳам Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба ҳамон натиҷа оварда мерасонад, ки мо нозукиҳои касби сарояндагӣ, навозандагӣ ва мутрибиро аз нав эҳё хоҳем кард.

«Ховар»: Чӣ бояд кард, то жанрҳои мусиқии Фалак ва Шашмақом бештар рушд ёбанд?

Аслиддин Низомов: Дар илми мусиқишиносӣ Шашмақомро ҳамчун мусиқии классикӣ эътироф кардаанд ва бояд ёдовар шуд, ки дар тамоми миқёси ҷаҳон мусиқии классикӣ аз мураккаботи хеле зиёди оҳангсозӣ, маъниофарӣ ва рамзнокӣ бархӯрдор аст. Фарз кардем, дарк кардан, баҳра бурдан аз мусиқии опера, симфония ё сонатаҳои Бетховен, асарҳои Мотсару Чайковский ва дигар оҳангсозон, ки  дар сатҳи хеле баланди мураккаби бадеӣ офарида шудаанд, аз шунаванда омодагии хосро тақозо мекунад. Мусиқии классикӣ дар ҳама ҷо ҳамин гуна аст, ки як қишри муайяни ҷомеа ба он майл дорад,  аз он баҳра мебарад. Албатта, мусиқии Шашмақом бо баён кардани  мазмуни фарҳанги халқи тоҷик дар сатҳи санъати классикӣ меистад. Яъне, ин оҳангҳо тайи садсолаҳо аз ҷониби устодони мусиқӣ офарида шудаанду онҳоро наслҳои зиёди устодон давра ба давра сайқал дода, бо ашъори классикии форсии тоҷикӣ пайванд намуда, назму мусиқиро гӯё ба ҳам тавъам сохтаанд. Яке аз хислатҳои бузургтарини мусиқии Шашмақом дар ин аст, ки оҳангҳои Шашмақом низ мисли назми классикӣ маъниҳои ирфонӣ доранд. Худи номҳои оҳангҳои Шашмақом, мазмуни онҳо, сохтори оҳангҳояшон, ки дар сатҳи мураккаботи бисёр душвори классикӣ офарида шудаанд, рамз доранд.

Фалакхонӣ ҳам як ҷузъи мусиқии классикии мо ба шумор меравад. Яъне, ин мусиқӣ соф фолклорӣ нест, сохтори устодона дорад, маъниҳои волои иҷтимоӣ ва бадеӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз фалакхон ҳам бояд таълим гирад, таҳсил гирад, назди устод малакаи худ, истеъдоди худро рушд диҳад ва баъд аз он вай ба дараҷаи зарурии санъати  фалакхонӣ расида метавонад.

Таъсиси мактаби устод ва шогирд аз ҷониби давлат ҷиҳати рушди минбаъдаи ду жанри мусиқии классикӣ як навъ ғамхории махсус аст. Шинохти он, тарғиб ва аз ҳама асосӣ- ба мардум дастрас кардани ин жанрҳо вазифаи кулли муассисаҳои фарҳангӣ —  Иттифоқи композиторон, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин таълимгоҳҳои санъат мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН

Май 12, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»