3 май-Рўзи байналмилалии астрономия: «Kokhirova» даҳумин сайёраест, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад
ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи байналмилалии астрономия (нуҷумшиносӣ) одатан ба фосилаи миёнаи моҳи апрел ва миёнаи моҳи май, вақте ки Моҳтоб дар марҳалаи якум қарор дорад, рост меояд. Имсол ин идро ҷомеаи ҷаҳонӣ 3 май ҷашн мегирад.
Ин ид соли 1973 дар Амрико пайдо шуда, ҳамаи дӯстдорони ҳақиқии илми астрономияро аз рӯи шиори «Астрономия ба инсон» муттаҳид намуд.
Астрономия ҳамчун илм дар давраҳои хеле қадим пайдо шуда, дар инкишофи он минтақаи Осиёи Миёна нақши муҳим бозидааст. Дар асрҳои миёна илми астрономия дар ҳамин минтақа хеле рушд намуд. Донишмандони маъруф Ҳаким Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ, Абўалӣ Ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Абулвафои Ҷузҷонӣ, Кушёри Гелӣ, Абуҷаъфари Хуросонӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Хоҷа Насриддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Улуғбек ва даҳҳо мунаҷҷимони маъруф дар пешрафти илми астрономияи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Эҳёи суннатҳои илми астрономия дар қарни XX бо таъсиси муассисаи илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ бо расадхонаҳои астрономиаш дар Тоҷикистон вобаста аст. Олимони Пажӯҳишгоҳ таҳқиқоти ҷирмҳои кайҳонии гуногуни системаи офтобиро гузаронида, ба хусусиятҳои физикию динамикӣ, манбаъҳои пайдоиш ва ошкор намудани алоқаи байни онҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Астрономҳои Тоҷикистон давомдиҳандаи сазовори ниёгони машҳури худ мебошанд, ки саҳми бузург дар рушди илми астрономия гузоштаанд.
Дар давоми 85 соли фаъолияти Пажӯҳишгоҳ аз тарафи олимони он якчанд ситораҳои тағйирёбандаи нав ошкор шудаанд. Ду кометаи нав аз тарафи астрономҳои тоҷик А. Бахарев ва С. Герасименко кашф шуда, ба шарафи онҳо кометаи С/1955 N1 Бахарев-Макфарлан-Кринке ва кометаи 67P/1969 R1 Чурюмов-Герасименко гузошта шудаанд. Соли 2004 ба кометаи Чурюмов-Герасименко дастгоҳи кайҳонии «Розетта» барои тадқиқот фиристонида шуд. Соли 2014 «Розетта» ба комета расида, дастгоҳи «Фили»-ро дар сатҳи комета фуруд овард ва ин асбоб тадқиқоти мушаххаси кометаро гузаронд. Ин кори бузурги муваффақ ҳамеша дар таърихи инсоният ҳамчун мисоли якумин парвози инсон ба кайҳон ҷовид мемонад. Ин на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми тамаддуни инсоният мояи ифтихор мебошад.
Дар қатори ин дастовардҳои астрономҳои Тоҷикистон якчанд комёбиҳои назарраси дигарро низ зикр кардан бамаврид аст. Барои хизматҳо дар тараққиёти астрономия ва натиҷаҳои назарраси омӯзиши кайҳон бо қарори Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо сайёраи хурди 2769 «Tajikistan» ба муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сайёраи хурди 2746 «GisAO» ба муносибати Расадхонаи астрономии «Ҳисор», ҳафт сайёраҳои хурди дигар ба шарафи астрономҳои Тоҷикистон П. Бобоҷонов, О. Доброволский, Х. Ибодинов, С. Герасименко, А. Бахарев, Г. Чернова ва Н. Киселев номгузорӣ шудаанд.
Моҳи июли соли 2014 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Астероидҳо, кометаҳо ва метеороидҳо — 2014», ки дар шаҳри Хелсинкии Финландия гузашт, бо қарори Ассамблеяи Генералии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ оид ба номгузорӣ (МАС, IAU) сайёраи хурди (астероиди) 24533 ба номи директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ТҶ, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра Қоҳирова гузошта шуд. Астероиди номбурда 2 феврали соли 2001 дар расадхонаи «Ловелл»-и ИМА кашф шуда, қутраш 12 км мебошад ва аз Офтоб дар масофаи 420 миллион км ва аз Замин 270 миллион км ҷой гирифтааст.
Ин даҳумин сайёраест, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва астрономҳои кишвар вобаста мебошад.
Ин дастовардҳо шаҳодат медиҳанд, ки натиҷаҳои илмии Пажӯҳишгоҳ то имрӯз дар ҷаҳон баҳогузории баландро сазовор мегарданд.
Имрӯз астрономҳои Тоҷикистон дар байни мардум ташвиқу тарғиби донишҳои астрономиро фаъолона гузаронида истодаанд. Дар расадхонаҳои «Ҳисор» ва «Санглох» экскурсияҳо барои мактаббачаҳо, донишҷӯён, сокинон, шахсоне, ки ба илми астрономия шавқ доранд, инчунин барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кормандони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон баргузор карда мешаванд. Ҳангоми экскурсияҳо намоиши аҷоиби осмони ситоразори кишварамон иштирокчиёнро ҳамеша ба ҳайрат мегузорад.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






