Аҳтам Абдуллозода: «Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст»
ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони ноҳия доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Олимҷон Зоҳидзода ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро бо Соли ҷавонон табрик гуфта, иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо мақсади муттаҳид кардани неруи ҷисмонӣ ва ақлонии насли ҷавон баҳри расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ва барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ мебошад».
Аҳтам Абдуллозода дар идома аз коста шудани ахлоқ ва рафтори ба фарҳанги мо номуносиби ҷавонон дар ҷомеа бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки мо бояд эҳтироми насли калонсол, аз ҷумла эҳтироми волидонамонро баҷо орем.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ба оилаҳое, ки аз офати табиии рӯзҳои охир зарар дидаанд, кумакпулии яквақтаина аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба ғолибони олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






