Аҳтам Абдуллозода: «Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст»

Май 5, 2017 10:33

ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони ноҳия доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Олимҷон Зоҳидзода ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро бо Соли ҷавонон табрик гуфта, иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо мақсади муттаҳид кардани неруи ҷисмонӣ ва ақлонии насли ҷавон баҳри расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ва барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ мебошад».
Аҳтам Абдуллозода дар идома аз коста шудани ахлоқ ва рафтори ба фарҳанги мо номуносиби ҷавонон дар ҷомеа бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки мо бояд эҳтироми насли калонсол, аз ҷумла эҳтироми волидонамонро баҷо орем.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ба оилаҳое, ки аз офати табиии рӯзҳои охир зарар дидаанд, кумакпулии яквақтаина аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба ғолибони олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим гардид.

Май 5, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст