Ҳафтаи театр дар Конибодом
ХУҶАНД, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 100-солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Туҳфа Фозилова ва 85-солагии Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом бо ибтикори ҳайати эҷодии театри мазкур шурӯъ аз 1 май дар шаҳр Ҳафтаи театр эълон гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар доираи эълони ҳафтаи театр аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ба номи Туҳфа Фозилова баҳри сокинону меҳмонони шаҳр шаш намоишномаҳои ҷолиб, чун «Модар-Ватан», «Суди девонагон», «Ваҳваҳабонувон», «Модар, ман зан мегирам» ва баҳри тамошобинони хурдсол «Маша ва хирс»-ро пешниҳод хоҳанд кард. Аз ҷумла, рӯзи аввали ҳафтаи мазкур бо намоишномаи «Қорӣ-Ишкамба» оғоз ёфта, он рӯз толори театр ҳаводорони зиёди санъатро ҷамъ овард.
Бояд гуфт, ки Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ба номи Туҳфа Фозилова аз куҳантарин театрҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Он соли 1932 таъсис ёфтааст. Тайи ин солҳо аҳли эҷоди театр фаъолияти пурсамар бурда, барои сокинону ҳаводорони ин санъати воло намоишномаҳои гуногуни баландмазмунро пешкаш намудаанд. Ҳамчунин иштирокчии чандин озмуну фестивалҳо, аз ҷумла Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар кишвари Чин, Фестивали театрҳои касбии Осиёи Миёна дар шаҳри Лондон, Фестивали театрӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон гардида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






