Ахбори мониторинги рушди иқтисодӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), «Лот 1» Ахбори мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд, ҷамъомадро мушовир, роҳбари бахши ҳамкории ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мачей Мадалинский ифтитоҳ намуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён, раиси Кумита доир ба иқтисодиёт, буҷет, молия ва андози Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қудрат Давлатзода ва дигарон сухан намуданд.
Изҳор гардид, ки лоиҳаи мазкур дар ДМИТ аз соли 2015 фаъолият карда, аллакай ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Натиҷаи муҳими фаъолияти гурӯҳҳои кории таҳқиқотии ДМИТ аввалин маротиба дар таърихи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазорату идораҳои иқтисодии кишвар нашр намудани ахбори Маркази ақлҳои донишкада дар бораи мониторинги муфассали рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қисмати 4 Лоиҳаи ИА барои таъсиси маркази таҳлилӣ дар ДМИТ бо назардошти фаъолияти лабораторияҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби ҳамкорони байналмилалӣ равона гардидааст.
Ректори ДМИТ Қудрат Давлатзода вобаста ба аҳамияти рушди фаъолияти таҳқиқотӣ дар донишкада зикр намуд, ки он ба тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, инчунин ба рушди неруи илмии омӯзгорон ва донишҷӯён таҳким хоҳад бахшид. Think Tank «Маркази ақлҳо»-и ДМИТ Ахбори мониторинги рушди иқтисодии Тоҷикистонро, ки он таҳлили солҳои охири ҳаёти иқтисодии кишварро фаро мегирад, муаррифӣ намуд. Ташхиси таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин коршиносон ва тадқиқотчиён дар мавзӯъҳои «Воситаи баргузории тадқиқот ва коркарди тавсияҳо дар бахши сиёсати иқтисодии Тоҷикистон», «Сохтори ММД ва рушди иқтисодии Тоҷикистон», «Молияи давлатӣ динамикаи даромад ва хароҷоти буҷет дар солҳои охир», «Сохтори бонкии Тоҷикистон — санҷиши вазъият ва тавсияҳо барои рушди оянда» баромад намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки нашри дуюми мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувор барои таъсиси маркази воқеии таҳлилӣ бо мақсади пешниҳоди механизми машварати сиёсӣ ба Ҳукумат мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






