Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Хуҷанд»

Май 10, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 10.05.2017. /АМИТ«Ховар»/  Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 8 май дар бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми Чемпионати  футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар  дастаи  «Хуҷанд»- и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарсе голро ҳимоятгарон ба ҳадаф расониданд. Артём Барановский, легионери украинии дастаи «Истиқлол» дар дақиқаи 13-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Баъдан Фарҳод Восиев дар дақиқаи 68-ум голи дуюми дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи «Хуҷанд» ворид намуд. Як голи мизбононро капитани дастаи «Хуҷанд» Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 83-юм  ба ҳадаф  расонд.

Ёдовар мешавем,  ки дастаи «Истиқлол» бо 19 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи  ССКА «Помир»-и  Душанбе бо 16 имтиёз дар зинаи дуюм ва  дастаи «Хуҷанд» бо 14 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 12-14 май баргузор мешаванд. Дар он дастаҳои «Ҳосилот» бо «Истиқлол» (12 май), «Регар-ТадАЗ» бо  «Вахш» (13 май), «Барқчӣ» бо ССКА «Помир» ва «Панҷшер» бо «Хуҷанд» (14 май) байни ҳам рақобат мекунанд.

 

 

 

Май 10, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт