Астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25-ро олимони тоҷик ҳам мушоҳида карданд

Май 2, 2017 12:08

ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Астероиди наздизаминии 2014JO25, ки соли 2014 кашф карда шудааст, баъди муайян кардани мадораш маълум гардид, ки он ба Замин ба масофаи минималӣ наздик шуда метавонад. Аз ин сабаб он ба гурӯҳи объектҳои ба Замин хатари эҳтимолӣ дошта дохил шуд. Ин астероид яке аз астероидҳои калонтарин ҳисобида мешавад, ки андозаи он ба 1.4 км баробар аст. Суръати ҳаракати астероид дар фазои байнисайёравӣ зиёда аз 33 км дар як сония мебошад ва ин суръат барои астероидҳо ниҳоят баланд ҳисоб мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова нақл кард.
Масофаи наздиктарини астероид ба Замин бино ба гуфтаи Г. Қоҳирова, ба рӯзҳои 18-24 апрели соли 2017 рост омад. Дар шаби 19 ба 20 апрел астероид ба Замин дар масофаи камтар аз 1.8 млн. км наздик шуд. Дар ин лаҳзаи наздиктаринаш ба Замин астероид хеле дурахшон буд ва онро ҳатто бо ёрии телескопҳои хурдтарин аз рӯи ҳаракаташ дар байни ситораҳо дидан мумкин буд.
Муассисаҳои астрономии ҷаҳон ба хулоса омаданд, ки астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25-ро моҳи апрели соли 2017 дар якҷоягӣ мушоҳида намоянд. Ҳангоми парвози астероид аз назди Замин мушоҳидаи он аз расадхонаҳои дар масофаҳои калон аз ҳамдигар ҷойгиршуда имкон медиҳад, ки дуриаш аз Замин бо ёрии усули триангулятсионӣ аниқ маълум карда шавад. Мушоҳидаи астрометрӣ на танҳо координатҳои объектро дар осмон, балки масофа аз Замин ва мавқеи онро дар фазо бо саҳеҳӣ муайян мекунад. Ин имкон медиҳад, ки роҳи ҳаракати астероид сохта шуда, тағйирёбии мадори он ҳангоми парвоз маълум карда шавад. Ҳамаи ин маълумот барои ёфтан ва коркарди тарзҳои пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои бархӯрди эҳтимолии астероидҳо ба Замин хеле муҳим мебошанд.
Ба ғайр аз муайян кардани мавқеъ, масофа ва мадор, инчунин аз рӯи мушоҳидаҳо каҷии дурахшонии астероид сохта, шакл ва хусусиятҳои чархзании он маълум карда мешаванд.
Чунин наздикшавии навбатии астероид ба Замин дар ояндаи дур, яъне баъди 74 сол ба вуқӯъ меояд, бинобар ин натиҷаҳои мушоҳидаҳои якҷояи ҳозира барои тадқиқотҳои он аҳамияти хеле зарурӣ доранд.
Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои муштараки астрономии ҷаҳониро дастгирӣ намуда, дар Расадхонаҳои астрономии байналмилалии «Санглох» ва «Ҳисор» мушоҳидаи астероиди 2014JO25-ро гузаронид.
Тавре директори ин Пажӯҳишгоҳ иброз намуд, аз 16 то 26 апрели соли равон дар расадхонаи «Санглох» бо телескопи 1-метраи Тсейсс ва дар расадхонаи «Ҳисор» бо телескопи АЗТ-8 аз рӯи нақша ва реҷаи барои ҳамаи расадхонаҳои ҷаҳон тасдиқшуда мониторинги астероид гузаронида шуд. Дар телескопҳо аксбардории объектҳо ба воситаи камераҳои рақамии махсуси астрономӣ амалӣ гардонида шуд. Шароити хуби астрономӣ ва асбоби нави идораи телескопи 1- метраи «Санглох», автоматӣ кардани ҷараёни мушоҳида, истифодаи камераҳои рақамӣ ва кӯшишу ғайрати кормандони Пажӯҳишгоҳ барои бомуваффақият гузаронидани ин чорабинии якҷояи астрономҳои ҷаҳон мусоидат намуданд.
Ба иттилои Гулчеҳра Қоҳирова, мониторинги пай дар паи астероид аз соати 20 то соати 4.30 аз 16 то 25 апрели соли ҷорӣ гузаронида шуд. Ҳангоми мушоҳида дар расадхонаҳои «Санглох» ва «Ҳисор» ин астероид ба қайд гирифта шуд ва маълум гардид, ки он дар ҳақиқат бо суръати калон ҳаракат карда, хеле дурахшон аст. Инчунин тағйирёбии дурахшонии астероид ба назар расид, ки чархзании тези онро дар атрофи тираш нишон дод. Миқдори хеле зиёди маводи мушоҳидавӣ ба даст оварда шуд, ки дар якҷоягӣ бо расадхонаҳои дигар истифода ва коркард карда мешаванд.
Ҳангоми ин экспедитсияи олимони Пажӯҳишгоҳ Г. Қоҳирова, А. Мулло-Абдолов, У. Ҳамроев, С. Абдуллоев ва М. Юсупов дар расадхонаи «Санглох» ба ғайр аз мушоҳидаҳои махсуси астероид, боз мушоҳидаи дигар объектҳои кайҳонӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, кометаҳои 2015V2 ва 41Р аксбардорӣ шуданд, ки натиҷаҳои коркарди онҳо барои омӯзиши хусусиятҳои динамикӣ ва физикии кометаҳо хеле заруранд.
Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ зикр намуд, ки дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» мушоҳидаи астероидро кормандони Пажӯҳишгоҳ А. Буриев, А. Иброҳимов, Д. Аюбов ва А. Сафаров фаъолона ба анҷом расониданд.
Ҳамин тариқ, мушоҳидаҳои муштараки расадхонаҳои ҷаҳон пешгӯиҳои назариявиро тасдиқ намуда, исбот мекунанд, ки ҳарчанд астероиди 2014JO25 ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил шуда бошад ҳам, ба Замин таъсири манфӣ намерасонад.

Новый рисунок

Расми 1. Ҳаракати астероиди 2014JO25 ҳангоми наздикшавӣ ба Замин дар масофаи 1.8 млн. км, ки 19 апрели соли 2017 дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» бо телескопи 1-метраи Тсейсс бо экспозитсияи 10 сония аксбардорӣ шуд.

Новый рисунок (1)

 

Расми 2. Акси астероиди 2014JO25 (бо аломати тир ишора шудааст) ҳангоми дуршавӣ аз Замин ба масофаи зиёда аз 9 млн. км, ки 22 апрели соли 2017 дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» бо телескопи АЗТ-8 бо экспозитсияи 10 сония аксбардорӣ шуд. Рахҳо дар расм акси харакати се моҳвора мебошанд.

Новый рисунок (2)
Расми 3. Кометаи 41Р дар масофаи зиёда аз 24 млн. км аз Замин, ки 17 апрели соли 2017 дар Расадхонаи «Санглох» бо телескопи 1-метраи Тсейсс бо экспозитсияи 5 сония аксбардорӣ шуд.

Новый рисунок (3)

Расми 4. Кометаи 2015V2 дар масофаи зиёда аз 219 млн. км аз Замин, ки 18 апрели соли 2017 дар Расадхонаи «Санглох» бо телескопи 1-метраи Тсейсс бо экспозитсияи 5 сония аксбардорӣ шуд.

Мавҷуда АНВАРӢ

Май 2, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд