Ҷавонон омодагии худро ҷиҳати мубориза бо бегонапарастӣ иброз намуданд

Май 4, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт бахшида ба Соли ҷавонон дар хобгоҳи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон санҷиши хобгоҳ ва вохӯрӣ гузарониданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулини корҳои тарбиявии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, масъулияти ҷавонон дар илмомӯзиву забономӯзӣ, пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонону духтарон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бегонапарастии бархе аз занону ҷавонон, тақлид ба фарҳанги бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро, бемасъулиятии ҷавонон дар масъалаҳои оиладорӣ ва шаҳрвандӣ маҳкум карда шуд.
Донишҷӯён ифтихору сарбаландии худро аз давлату миллат, сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои миллат ва омодагии худро ҷиҳати мубориза бар зидди бегонапарастии бархе аз шаҳрвандон иброз намуданд.

Май 4, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид