«Ҷавонон ва рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ»-озмун барои дарёфти ҷавонони болаёқат

Май 19, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд бахшида ба Соли ҷавонон ва фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни вилоятии «Ҷавонон  ва рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» бо иштироки мактаббачагон, донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон оғоз гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ иброз дошт, ки соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид ва ба ин муносибат дар вилояти Суғд ҷамъомадҳои муҳим баргузор мешаванд. Ин озмун аз ҷумлаи ин силсила  буда, бо  мақсади  тарғиби худшиносӣ, тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, гиромидошти арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, дарёфти истеъдодҳо ва арҷгузорӣ ба мероси ғании ниёгон баргузор мегардад.

Озмуни вилоятии «Ҷавонон ва рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, «Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик», «Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Ҳифзи матнҳои адабӣ», «Омўзиши асарҳои адабӣ» гузаронида шуда, дар он 152 нафар довталабон иштирок доранд.

Озмун имрӯз, 19 май идома ёфта, ба ғолибон дар ҷамъомади бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ ва сипосномаҳо тақдим карда мешаванд.

Май 19, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид