«Ҷавонон ва рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ»-озмун барои дарёфти ҷавонони болаёқат
ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд бахшида ба Соли ҷавонон ва фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни вилоятии «Ҷавонон ва рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» бо иштироки мактаббачагон, донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон оғоз гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ иброз дошт, ки соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид ва ба ин муносибат дар вилояти Суғд ҷамъомадҳои муҳим баргузор мешаванд. Ин озмун аз ҷумлаи ин силсила буда, бо мақсади тарғиби худшиносӣ, тарбияи насли ҷавон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, гиромидошти арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, дарёфти истеъдодҳо ва арҷгузорӣ ба мероси ғании ниёгон баргузор мегардад.
Озмуни вилоятии «Ҷавонон ва рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, «Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик», «Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Ҳифзи матнҳои адабӣ», «Омўзиши асарҳои адабӣ» гузаронида шуда, дар он 152 нафар довталабон иштирок доранд.
Озмун имрӯз, 19 май идома ёфта, ба ғолибон дар ҷамъомади бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ ва сипосномаҳо тақдим карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






