Бӯстон: Даъвати ҷавонон ба илмомӯзию ихтироъкорӣ
ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон 12 май бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ин донишкада, аҳолии маҳаллаҳои «Садаф», «Машъал», «Озодӣ», хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоати шаҳр мулоқот баргузор шуд.
Тавре аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, мулоқот бо тамошои филми мустанад оид ба амалҳои нангини ҷангиёни давлати ба ном исломӣ ва фирефташавии шаҳрвандони мо бо номи «Чеҳраи хунини аср» оғоз гардид. Пас аз тамошои филми мустанад иштирокдорон хулосаҳои зарурӣ бароварда, амалҳои ғайриинсонии ин қабил афроди ҷиноятпешаро шадидан маҳкум намуданд. Дар мулоқот масъалаи пешгирии гаравидану шомилшавии ҷавонон ва дигар табақаҳои осебпазир ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъбуда ва таҳсили ғайрирасмии донишҷӯён дар муассисаҳои олии динии хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози назар намуда, ҳамагонро ба шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи ҷомеа, раванди барқарории сулҳу ваҳдат, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват намуданд. Зикр карда шуд, ки эълон гардидани Соли ҷавонон дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли шоистаи замон маҳсуб шуда, дар ин раванд ҷавонони моро зарур аст, ки барои ноил шудан ба ин боварӣ пайваста илм омӯзанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






