Ба 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад
ДУШАНБЕ, 04.05.2017. /АМИТ Ховар/. Ба муносибати 72-солагии Рӯзи Ғалаба ба 24 нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Конибодом ва Исфара аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаина тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Кумак аз тарафи гурӯҳи корӣ ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд. Ин кумаки Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд.
Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд.
Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 зиндагӣ мекунанд.
Куҳансолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умарови 117-сола мебошад, ки айни ҳол дар ноҳияи Вахш умр ба сар мебарад. Ҷавонтарин собиқадор Леокадия Ковтуни 90-сола буда, дар Душанбе истиқомат дорад.
Олег Соболев, собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон, собиқ шореҳи АМИТ «Ховар» бо даъвати Ҳукумати Россия дар гузашти низомии 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Москва иштирок мекунад.








Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад






