Ба Дастури Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд

Май 18, 2017 14:54

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд  хизматчиёни  давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои кормандони техникӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ таъйин карда мешаванд. Қаблан ин рисолат бар дӯши  Роҳбари Дастгоҳи палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон вогузор гардида буд. Дар робита ба ин 18 май дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ ба «Дастури  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Арамбегим Маҳтобшозода, раиси Комиссия оид ба назорати дастури  Маҷлиси миллӣ,  зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ин тасмим бо назардошти баланд бардоштани  масъулияти хизматчиёни давлатии Палатаи  болоии Парлумони кишвар гирифта шудааст. Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ ба «Низомномаи Дастгоҳи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон буда, соли 2000 таъсис дода шудааст ва  33 нафар аъзо дорад.

 

 

 

Май 18, 2017 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ