Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд.
Ин муассисаи нави таълимӣ маҳз дар доираи дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзмарраи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара деҳоти Исмат Шарифов бунёд шудааст.
Ногуфта намонад, ки то бунёди ин муассисаи нави таълимӣ аҳолии деҳоти ба номи Исмат Шарифов аз мактаби дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва дар солҳои 50- уми асри гузашта сохта шуда, истифода менамуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ расман ба фаъолияти мактаби нав дар деҳаи Хуррамзамин оғоз бахшида, ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона табрик гуфтанд ва ба тарбиятгирандагони он дар ҷодаи азхудкунии донишҳои муосир комёбиҳо орзу намуданд.
Сохтмони мактаби нав дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, пеш аз муҳлат дар ин рӯзҳои баҳорӣ анҷом дода шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 15 миллион сомонӣ ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бунёд гардидааст. Бинои мактаб аз қисматҳои алоҳидаи ду ва сеошёна иборат буда, 24 синфхона дорад ва бо назардошти кабинетҳои фаннӣ барои 560 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва толору маҷлисгоҳҳои мактаби нав бо корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёкардашуда, шинос гардида ба сифати корҳо, ки аз ҷониби ширкату иттиҳодияҳои сохтмонии ватанӣ анҷом дода шудаанд, баҳои баланд доданд. Дар ҳар толору синфхонаҳои мактаби нав истиқболи Пешвои миллат самимӣ ва шукӯҳманд буд.
Дар мактаби нав хафт кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети физика, химия, биология ва касбомузӣ барои духтарону писарон амал менамояд, ки дорои таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири илмомӯзию касбомӯзӣ мебошанд. Толори ҳунаромӯзӣ барои духтарон бо таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ таъмин карда шудааст ва хоҳишмандон метавонанд, дар ин ҷо нозукиҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофиро аз худ намоянд.
Дар мактаби сохти нав ҳамчунин сифхонаҳои компютерӣ, лингофонӣ ва кабинети инкишофи кӯдак барои наврасони синни томактабӣ бунёд шудаааст, ки аз таҷрибаҳои самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Толори барҳавои варзишӣ барои зиёда аз 180 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 200 ҷой, ошхона барои 60 нафар ва китобхонаю толори хониши электронӣ барои 32 нафар аз бартариятҳои дигари ин мактаби нав мебошад, ки мавҷудияти онҳо барои аҳолии мактабхони деҳаи Хуррамзамин аз навгониҳои азими давраи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд.
Барои мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзгорону хонандагон дар мактаб аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷҷаҳазгардонии мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иншооти ёрирасони дохили бино аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, душхонаҳои толор ва майдонҳои варзишӣ, инчунин иншооти ёрирасони беруни бино ба мисли буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда, имконият дорад, ки дар фасли сармо тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Мактаби нав ҳамчунин дорои майдонҳои хурду бузург барои бозиҳои варзишии алоҳида дар фазои кушод аз қабили футболу волейбол, баскетбол ва намудҳои варзиши ором буда, барои машғулиятҳои ҳарбӣ майдони алоҳидаи дигар пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарҳи сохтмони бинои асосии мактаб, синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдонҳои варзиш ва дигар иншооти хизматрасон ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки бо назардошти афзун будани шумораи аҳолии деҳот лоиҳаи сохтмони бинои таълимии иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар саҳни бинои мактаби нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар аз дастгирию таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи маориф ва ҷалби насли ҷавону наврас ба донишомӯзию азхуднамоии забонҳо ва технологияи муосир ёдовар шуданд.