Ба таваҷҷуҳи ронандагон: музоядаи навбатии аломатҳои қайди давлатӣ баргузор мегардад

Май 19, 2017 16:30

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки  27 майи соли равон аломати қайди давлатии силсилаи «ЕА» — 01 ба таври музояда ба фурӯш гузошта мешавад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, музояда соати 10:00, дар толори РБДА гузаронида шуда, нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад.

Маълумоти муфассалро оид ба гузаронидани музояда метавонед тавассути телефонҳои 235-79-29 ва 236-09-34 дастрас намоед.

 

Май 19, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст