Ба таваҷҷуҳи ронандагон: музоядаи навбатии аломатҳои қайди давлатӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки 27 майи соли равон аломати қайди давлатии силсилаи «ЕА» — 01 ба таври музояда ба фурӯш гузошта мешавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, музояда соати 10:00, дар толори РБДА гузаронида шуда, нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад.
Маълумоти муфассалро оид ба гузаронидани музояда метавонед тавассути телефонҳои 235-79-29 ва 236-09-34 дастрас намоед.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






