Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

Май 8, 2017 17:44

ДУШАНБЕ, 08.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимонаи хешро ба муносибати пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия ирсол медорам.

Ҷониби Тоҷикистон сатҳу мӯҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.

Мо ба ояндаи равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Франсия дидгоҳи нек дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз он муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.

Омодагии хешро барои саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода иброз намуда, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».

Май 8, 2017 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон