Бидуни назорати гумрукӣ ворид намудани «Тойота-Камри»

Май 1, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳи мошингарди самти «Исфара — Хуҷанд» дар назди бозорчаи «Вохӯрӣ» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота — Камри», соли бароришаш 2016 рақами транзитии давлатиаш B5961BTJ07, таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон О. И., соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, шаҳраки Курушкада бapoи муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки воситаи нақлиёти зикргардида аз рӯи нишондоди ронанда ба шаҳрванд М. И., соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, тааллуқ дошта, номбурда «Дима» ном шахсро хоҳиш намудааст, ки ин нақлиётро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид намуда, ба шаҳрванд О. И. супорад. Баъдан шаҳрванд О. И. нақлиёти зикршударо дар ҳудуди шаҳри Исфара қабул карда, онро тибқи маслиҳати пешакӣ бо супориши шаҳрванд М. И. ба шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад. Ғайр аз ин дар дохили бағочи нақлиёт рақамҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Казоқистон «KZ 527VHA02» дарёфт карда шуданд.

Тибқи хулосаи Филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши воситаи нақлиёти мазкур 187 ҳазору 430 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шахси номаълум бо номи «Дима» ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Май 1, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд