Дар канори Душанбе 40 тонна сӯзишвории бо роҳи қочоқ ворид гардида ошкор шуд

Май 6, 2017 10:52

ДУШАНБЕ, 06.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз қочоқи 40 тонна сӯзишвории дизелӣ, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид гардидааст, ҷилавгирӣ карданд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни чорабинии фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Чорбоғ, воқеъ дар канори Душанбе гумрукчиён ду воситаи нақлиёти тамғаи «Шанси», рақами қайди давлатиашон 74 32 ВС 03 ва 89 64 AT 03-ро барои муоинаи гумрукӣ боздошт намуданд. Муайян гардид, ки сӯзишвории дизелиро сокини 33-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳрванд Ҳ. А, бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид кардааст. Номбурда бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти худ тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигарон санади гумрукиро дастрас карда, дар он қайд намудааст, ки гӯё дар дохили нақлиёт 887 ҳазор 500 килограмм гази моеъ ба расмиёти гумрукӣ дароварда шудааст. Арзиши умумии сӯзишвории дизелии бо роҳи қоҷоқ вориднамудаи шаҳрванд Ҳ. А наздик ба 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Доир ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ҳ. А. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи генералӣ фиристонида шудааст.

Май 6, 2017 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид