Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шоми мақомхонӣ доир шуд

Май 18, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ  «Ховар»/.   Шоми 17 май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барномаи консертии шоми мақомхонӣ таҳти унвони «Мақоми наво» манзури ҳаводорони санъати классикӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Силсилаконсертҳои «Мақоми наво» аз ҷониби устодон ва шогирдони факултаи мусиқии суннатии тоҷик аз 15 то 17 майи соли равон ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Рӯзи Шашмақом баргузор гардиданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов иброз дошт, ки «Мақоми наво» барои рушди минбаъдаи санъати мақомхонӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба ин санъати классикии тоҷик ва омӯзиши ҳирфаии он мусоидат мекунад.

Чунин  силсилаконсертҳо бахшида ба Рӯзи Шашмақом соли дуюм аст, ки аз ҷониби Консерваторияи миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

 

 

 

Май 18, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид