Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ» таҳия шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои фаъолияти варзишӣ, махсусан одобу қоидаҳои варзишгарон лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ» ро таҳия намуд.
Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ«Ховар» иттилоъ доданд, Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи қоидаҳои рафтори варзишгарон ва мураббиён ба ҳисоб рафта, хислати ахлоқии фаъолияти касбии онҳоро таҷассум менамояд ва баҳри дар радифи хислатҳои касбӣ ба низоми муайян танзим кардани рафтори варзишгарон равона мегардад.
«Лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ» аз 6 боб иборат буда, он ба муассисаҳои варзишӣ, коршиносон ва мухлисону ҳаводорони варзиш барои муҳокима ва таклиф пешниҳод карда мешавад»,- хабар доданд аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






