Дар ноҳияи Рашт бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ярмаркаи ҷойҳои корӣ доир гашт
РАШТ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар назди бинои шуъбаи фарҳанги ноҳия ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд.
Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод 16 ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, 38 ҷойи кориро ба корҷӯён пешниҳод намуданд. Аз 304 нафар иштирокчии ярмарка ба 21 нафар роҳхат ба ҷойи кори доимӣ дода шуд. Инчунин 18 нафарро барои омӯхтани касбу ихтисосҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ва 25 нафарро барои иҷрои корҳои мавсимии ҷамъиятии музднок ба қайд гирифтанд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рашт Олимхуҷа Ширинов, дар ярмаркаи мазкур ба 53 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ аст, оид ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳои методӣ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






