Дар сабқати интихобӣ рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дастаҳои Уммон, Сурия, Туркманистон ва Молдиванд
ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 29 май дар шаҳри Сочии Россия шурӯъ шуд, дар нахустин бозиаш аз дастаи Арманистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Шарифбек Раҳматов ба ҳадаф расонд. Ду голи мунтахаби Арманистонро Нарек Григорян ва Арам Колозян ба нишон расонданд.
Дар бозии дигар дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон бо ҳисоби 3:1 бар дастаи Краснодар пирӯз шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодари Россия дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи то 2 июн идома мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 аст, ки аз 16 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бояд зикр кард, ки дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






