Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ доир гардид
ВАҲДАТ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр конференсияи илмӣ-бадеӣ дар мавзӯи «Вахдати миллӣ» доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси созмони ҷавонони коллеҷ Саодат Хоҷибоева иттилоъ дод.
Дар конференсия зикр гардид, ки сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ ва некномиро зинда намуд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, дастёбӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсия ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст.
Дар конференсия як гурӯҳ донишҷӯён дар васфи Ватан-модар аз эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






