Дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз се заминларза ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Имшаб соати 01:03 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба амал омад.
Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи сейсмологии кишвар, маркази заминларза дар километри 263-и самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар километри 30-юм аз ноҳияи Лахш ҷойгир буда, қувваи он дар марказаш 5 балл, ноҳияи Лахш 4 балл ва шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ҳол талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, ки дирӯз соати 01:15 дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дарахтон ва қисман болопӯши як хонаи истиқоматии деҳаи Рунҷ зарар диданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






