Донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар олимпиада ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои иқтисодиёт, таърих, фалсафа, забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиада иштирок намуданд.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, донишҷӯёни донишкада дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби як ҷойи дуюм, як ҷойи сеюм ва як Ифтихорнома гардиданд.
Бояд гуфт, ки олимпиада бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






