Фестивали «Об-манбаи ҳаёт» дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон
ХОРУҒ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 -2028, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид, бо ибтикори Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон фестивали «Об- манбаи ҳаёт» баргузор шуд. Раиси Ассотсиатсияи мазкур Шафтолу Броимшоев гуфт, ки «ин фестивал дар саргаҳи рӯдхонаи дараи Барчид, ки 9 деҳаи ҷамоат оби онро истифода мебаранд, баргузор гардид. Омӯзгорону хонандагони муассисиаҳои таълимӣ оид ба самаранок истифода бурдани об, роҳҳои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани соҳили ҷӯйбору дарёҳо изҳори назар намуданд».
Сокинони ҷамоати Поршинев аз оби дараи Барчид тавассути 9 ҷӯйбори калон боғу киштзорони худро обёрӣ мекунанд. Ҳар яке аз ин ҷӯйборҳо мутаносибан аз 3 то 5 километр дарозӣ доранд ва ҳамасола бар асари селу тарма хароб мегарданд. Аз ин рӯ баъди фестивал як гурӯҳ сокинони деҳот ба таъмиру барқарорсозии ҷӯйборҳо машғул шуданд. Ба гуфтаи Шафтолу Броимшоев, «зимистони имсол барфи зиёд борид ва эҳтимоли рахна шудани соҳили дарё вуҷуд дорад. Бинобар ин дар ҳамин фестивал тасмим гирифтем, ки то мавсими обхезӣ ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, соҳили дарёро мустаҳкам намоем. Зеро чанд даҳсола пеш ин дарё аз маҷрои худ берун шуда, чандин манзил ва киштзорони сокинони деҳаи Барчидро хароб кард. Агарчӣ дар ду-се соли охир бо кумаки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ду тарафи соҳили ин дарё бо сангу симтӯр мустаҳкам карда шуд, аммо боришоти имсол сокинони ҷамоати деҳотро водор сохт, ки барои ҷилавгирӣ аз рахнашавии соҳил тадбирҳои иловагӣ андешанд.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






