Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ огоҳ менамояд!

Май 12, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз 12 то 15 май, ки ҳарорати гармӣ то 41 дараҷа хоҳад расид, назоратро аз болои муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти зудвайроншаванда, муассисаҳои томактабиву мактабӣ пурзӯр намуда, ҳамаи шаҳрвандони кишварро даъват менамояд, то дар ин рӯзҳо бе зарурат ба кӯча набароянд.   Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Хадамот тамоми  сохторҳои худро вазифадор кардааст, ки дар ин рӯзҳо муассисаҳои томактабӣ ва мактабиро бо оби ошомидании хушсифат таъмин намоянд.  Чун   айёми  шиноварӣ  аллакай оғоз шудааст, назорат дар ҷойҳои махсусе, ки барои шиноварӣ муайян карда шудааст, пурзӯр  карда мешавад ва    дар соатҳои гарми рӯз  шиноварӣ тавсия дода намешавад.

«Инчунин ба нафароне, ки машғули корҳои саҳроӣ ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман бо худ оби тозаи нӯшокӣ гиранд. Барои нигоҳ доштани вазъи мӯътадили бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд. Ҳавои гарм бештар ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, аз ин рӯ фарзандони худро аз гашту гузори беҳуда дар зери офтоб нигоҳ доред», -хабар доданд аз Хадамот.

Жара+++ (9)

Май 12, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад