Хайру саховат дар моҳи шарифи Рамазон: дар Душанбе ронандаи микроавтобус омода аст, ки ду рӯз ба мусофирон ройгон хизмат расонад
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Иқдоми нек!! Бахшида ба моҳи шарифи Рамазон- роҳкиро ройгон» -чунин навишта шудааст дар пештоқи яке микроавтобусҳои рақами 33.
Тавре ронандаи микроавтобус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин иқдоми шахсии ӯст ва он ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон бахшида шудааст. Ронанда хоҳиш кард, ки номаш ифшо нашавад ва ба мусофирон муроҷиат кард, ки омода аст ду рӯз онҳоро ройгон ба манзил расонад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин иқдомҳо аз аввали сол аз ҷониби ронандагон дар шаҳри Душанбе чандин маротиба роҳандозӣ гардида буданд.
Хайру садақа аз ҷумлаи беҳтарин амалҳоест, ки рӯзадор дар моҳи шарифи Рамазон анҷом медиҳад. Садақа додан низ танҳо бо додани пулу мол маҳдуд намешавад. Он маънии васеъро дар бар мегирад. Чунончи, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус таъкид намудаанд: «Табассуми ту ба рӯи бародари муъмин бароят садақа аст. Ба кори нек амр кардану аз кори бад боздоштани дигарон садақа аст. Шахси роҳгумзадаро роҳ нишон додан садақа аст. Дар муқобили шахси бадкор сабр намудан садақа аст. Санг, хорро аз сари роҳ дур кардан садақа аст. Рехтан (об, равған, сӯзишворӣ…) аз зарфи худ ба зарфи бародари муъминат садақа аст».
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз анҷом додани корҳои хайру савоб сухан гуфтанд ва таъкид намуданд, ки лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.









Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






