Ҷилавгирӣ аз қочоқи бензин дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе
ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 46 ҳазору 100 литр бензини навъи АИ-80, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ интиқол дода шудааст, аз ҷониби гумрукчиён дар шоҳроҳи Хуҷанд- Душанбе ошкор ва мусодира гардид.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз воситаи нақлиёти тамғаи «Хубэй», рақами қайди давлатиаш 23 95 ЕА 02, ки онро ронанда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А, идора мекард, ба маблағи беш аз 221 ҳазор сомонӣ бензини навъи АИ-80 ошкор гардид.
Маълум гардид, ки моли мазкурро шаҳрванди 31-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А .Д. тариқи қочоқ аз Қирғизистон ворид намудааст.
Нисбат ба шаҳрванд А. Д. бо моддаи 289, қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






