Ҷилавгирӣ аз қочоқи бензин дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе

Май 19, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 46 ҳазору 100 литр бензини навъи АИ-80, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ интиқол дода шудааст, аз ҷониби гумрукчиён дар шоҳроҳи Хуҷанд- Душанбе ошкор ва мусодира гардид.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз воситаи нақлиёти тамғаи «Хубэй», рақами қайди давлатиаш 23 95 ЕА 02, ки онро ронанда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А, идора мекард, ба маблағи  беш аз 221 ҳазор сомонӣ бензини навъи  АИ-80 ошкор гардид.

Маълум гардид, ки моли мазкурро шаҳрванди 31-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А .Д. тариқи қочоқ аз Қирғизистон ворид намудааст.

Нисбат ба шаҳрванд А. Д. бо моддаи 289, қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Май 19, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд