Имрӯз ҳавои Тоҷикистон софу беғубор мешавад

Май 22, 2017 10:33

ДУШАНБЕ, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 22 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда,    дар ғарби вилоят шабона  6-11  ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -2+3  ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои мусоид дар назар буда, ҳарорати ҳаво   шабона  аз 16-22 то  19-24 дараҷа ва рӯзона аз 30-35 то 35-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  Вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар водиҳо шабона аз 15-20 то 19-24 дараҷа ва рӯзона аз 30-35 то 33-38 дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман абрноки бебориш  шуда,  дар водиҳо шабона аз 11-16 то 14-19  ва рӯзона аз 28-33  то 33-38 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағийрёбанда  шуда,  гармии ҳаво шабона 15-17  ва рӯзона 36-38  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

 

Май 22, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд