Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 18 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат меборад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баландии беш аз 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 дараҷа ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе маврид борони шиддатнок борида, чангу ғубор ва раъду барқ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳ ва дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок бо раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе маврид борони шиддатнок ва раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ мешавад. Гармии ҳаво шабона 14-16 ва рӯзона 30-32 дараҷаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






