Имрӯз дар Тоҷикистон ду маротиба ҷунбиши замин ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинони ҷумҳурӣ соати 9-47 бо вақти маҳаллӣ ду маротиба ҷунбиши заминро эҳсос намуданд.
Мувофиқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шуд. Дар ҳолати аввал заминҷунбӣ 4-5 балл ва дар ҳолати дуюм 6 баллро ташкил дод. Дар Душанбе заминларза 3 балл буд.
Дар айни замон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






