Интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А. Деҳлавӣ ва С. Носиров муваққатан қатъ мегардад

Май 13, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  аз 11 майи соли 2017 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар кӯчаи А. Деҳлавӣ»  ва «Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 425 мм, воқеъ дар кӯчаи С. Носиров» ба тасвиб расиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,   бо мақсади татбиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2016 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии кӯчаи А. Деҳлавӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А. Адҳамов)» ва аз 27 октябри соли 2016 оид ба «Азнавсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи С. Носиров (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ. Шерозӣ)»,  ҷиҳати пайваст намудани қубурҳои мазкур  ба қубурҳои амалкунанда тибқи нақшаи  чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз соати 8:00 рӯзи 17 то соати 8:00 рӯзи 18 майи соли 2017  дар кӯчаи А. Деҳлавӣ  ва  аз соати 8:00 рӯзи 19 то соати 8:00 рӯзи 20 майи соли 2017   дар кӯчаи С. Носиров  интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи А. Деҳлавӣ, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Рӯдакӣ (аз майдони 800 — солагии Москва то меҳмонхонаи «Душанбе»), кӯчаҳои Н. Муҳаммад, А. Адҳамов, Лоҳутӣ, А. Деҳлавӣ ва маҳаллаҳои Чехов  ва дар кӯчаи С. Носиров, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои С. Носиров, М. Турсунзода, Ҳ. Маҳмудов, М. Қурбонов, Ш. Шоҳтемур, Бохтар, Қ. Раҳимов, Ш. Руставелӣ, Ф. Ниёзӣ, Л. Шералӣ, гузаргоҳи якум ва дуюми кӯчаи М. Холов, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Аҳрорӣ, Б. Раҳимзода, Ойгул, А.Командир, Шевченко, Шероз, Бухоро, Теҳрон ва хиёбони Исмоили Сомонӣ қатъ мегардад.

Аз истифодабарандагони об дар  кӯчаю хиёбон ва  маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии  оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Раиси шаҳр бо ин қарорҳо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро  вазифадор намуд, ки  дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин,  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардид, ки сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

 

 

 

Май 13, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд