Интизоми меҳнат дар Парлумон баррасӣ шуд

Май 12, 2017 10:16

ДУШАНБЕ, 12.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи интизоми меҳнат дар идораҳои давлатӣ бояд дар мадди назари махсус бошад. Ин нукта зимни машварате, ки дирӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, зикр шуд.
Корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодиров зикр кард, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи тартибу низом дар идораҳои давлатӣ, ки он аз Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, махсус таъкид гардидааст. Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим медарорад.
Мавсуф ҳамзамон доир ба ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар машварат роҷеъ ба уҳдадории корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ибрози назар карда шуд. Зикр гардид, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудҳои кор, мавҷудияти манбаъҳои хатари ҷиддӣ метавонанд барои корфармо уҳдадориҳои иловагӣ пешбинӣ гарданд. Иштирокдорони машварат ҳамзамон доир ба дигар паҳлӯҳои қоидаю меъёрҳои марбут ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат табодули назар карданд.

Май 12, 2017 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид