«Истиқлол» дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби калони 4:1 шикаст дод
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Шоми 17 май бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек, ҷоизадори чемпионати Қирғизистон ва «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови пойтахти Қирғизистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби калон — 4:1 дастаи «Дордой»-ро шикаст дод.
Се голи дастаи футболи «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 8, 46 ва 75-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро бозингари мизбонон Егор Потапов (90+3) ба дарвозаи дастааш зад. Голи ягонаи мизбононро Сулаймон Зарифов дар дақиқаи 50-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард
Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «D» 17 май дастаи футболи «Олтин Асир»-и Ашқобод, қаҳрамони Туркманистон дар майдони худ бо дастаи «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Чаҳор голи мизбононро Мурод Яхшиев дар дақиқаҳои 33, 42, 82 ва 84-ум ба ҳадаф расонд. Як голи меҳмононро Миролимҷон Аҳмадов дар дақиқаи 53-юм ба нишон расонд.
Баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи «Олтин Асир»-и Ашқобод низ 13 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Дастаи «Дордой»-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. Дастаи «Олой»-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин — чаҳорум ҷойгир шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки бар асоси дастури мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ меёбад. Барои роҳхати ягона дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» талош доранд. Тақдири роҳхат дар даври охирин дар бозии ин ду даста, ки 31 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






