Истифодаи имкониятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ барои рушди туризм мусоидат хоҳад кард-бардошт аз Паёми Пешвои миллат

Май 29, 2017 16:25

 

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 29.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  ҳуҷҷати барномавии рушди мамлакат дар солҳои минбаъда маҳсуб мешавад.

Насим фото туризм 21.04.2017Бино ба андешаи муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба таълим Насимҷон Ойев, яке аз афзалиятҳо дар самти рушди бахши ғайриашёии иқтисодиёти мамлакат соҳаи туризм мебошад. «Сарвари  давлат дар Паёми имсола ба масъалаи рушди соҳаи туризм таваҷҷуҳи хоса намуданд. Тибқи пешгўиҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, шумораи умумии сайёҳон то соли 2020 ба 1,6 млрд нафар хоҳад расид. Имрўз бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ҷолибияти иқтисодии соҳаи сайёҳиро вобаста ба афзоиши пардохтҳои марбут ба андоз, зиёдшавии шумораи ҷойҳои корӣ, болоравии сатҳу сифати зиндагонии мардум ба хубӣ дарк намуда, ҷиҳати тақвияти тадбирҳо дар ин самт корҳои шоистае ба сомон мерасонанд. Ҳамасола даромад аз соҳаи туризм дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 3 трлн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Туризм дар иқтисодиёти ҷаҳон ҳоло ҷои сазовор касб кардааст»,-зикр намуд Насимҷон Ойев.

Дар  Паёми Сарвари давлат туризм яке аз сохаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат арзёбӣ гардидааст. Саноати сайёҳӣ метавонад  аз самтҳои афзалиятноки бахши тиҷорат ва омили асосии рушди давлатии иҷтимоӣ-иқтисодӣ бошад.

Саноати сайёҳии муосир яке аз бахшҳои бузурги сердаромад ва мунтазам рушдкунандаи табодули байналмилалии хизматрасониҳо мебошад. «Аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки рушди бонизоми иқтисодии мамлакат ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ мусоидати судманд хоҳад кард.  Соҳаи туризм ба иқтисодиёти аксари минтақаҳо таъсири арзишманд мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, соҳаи сайёҳӣ нисбат ба соҳаҳои дигари бахшҳои иқтисодӣ метавонад муҳаррики асосии пешрафт бошад»,-зикр намуд мусоҳиб.

Фото Кодиров- туризмМудири  кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дотсент Фазлиддин Қодиров мегӯяд, ки  истифодаи имкониятҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ,  инкишофи бемайлони инфрасохтори сайёҳӣ, боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии туризми дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ҷиҳати беҳдошти фазои сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат барои рушди соҳаи туризм мусоидат мекунад

«Тоҷикистони биҳиштосо аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки табиат ба он тамоми неъматҳоро арзонӣ доштааст. Иқлими мусоиду форам, ҷойгиршавии мувофиқи ҷуғрофӣ, захираҳои бойи обӣ, аз ҷумла шумораи зиёди мавзеъҳои обҳои шифобахш, дарёву кўлҳо, қуллахои сар ба фалак, олами нотакрори набототу ҳайвонот ва амсоли инҳо аз зуҳуроте мебошанд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ чалб месозанд. Дар баробари ин, маконҳои таърихию фарҳангии мамлакат, ки аз ҷумлаи инъикоскунандагони саромади таърихи башарият мебошанд ва  солҳои охир бо ташаббусу ибтикороти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон босуръат таҷдиду тармим шуда истодаанд, мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ гардидаанд»,- гуфт Фазлиддин Қодиров.

Инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Бунёди иншооти мухталифи мехмонхонавӣ,  иншооти сайёҳӣ дар худудҳои мавзеъҳои зебои табиат, бунёди шоҳроҳҳои нави ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷдиди дубораи роҳҳои мавҷуда,  осоишгоҳҳои замонавӣ бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир, муассисаҳои таъмин бо ғизо, нақлиёт ва амсоли инҳо дар кори пешрафти соҳаи туризм таъсири амиқ боқӣ гузошта истодаанд. Вале бо вуҷуди корҳои созандагӣ дар самти таҳкими инфрасохтори сайёҳӣ норасоиҳо низ ҷой доранд.

«Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо зарурати бунёди иншооти меҳмонпазироии хурд (guest house), иншооти маишию истироҳатии сарироҳӣ,   таҷдиди роҳҳо то мавзеъҳои зебои табиат ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, таъмини нақлиёти дорои шароити роҳат барои меҳмонону сайёҳон ва амсоли инҳо то ҳол  беҳбудӣ металабад. Сатҳу сифати хизматрасонӣ аз муҳимтарин омилҳои пешбурди соҳаи туризм буда метавонад»,-илова намуд Н. Ойев.

Бояд тазаккур дод, ки то ҳол муассисаҳои соҳаи хизматрасонии мамлакат (ба ҷуз меҳмонхонаҳои алоҳидае, ки дар шаҳри  Душанбе ва марказҳои баъзе аз вилоятхо фаъолият доранд), воқеияти сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонони хориҷиро ба хубӣ амалӣ намесозанд. Дар бисёре аз ин гуна муассисаҳо мутахассисони соҳа ба кор ҷалб нагардидаанд, ки ин раванд танҳо бар зарари тиҷорати онҳо мебошад. Хусусан меҳмонхонаҳои воқеъ дар маркази ноҳияҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳои нақлиётӣ, объектҳои фароғатию дилхушӣ ба таҷдиду тармим эхтиёҷ доранд. Соҳибмулконро зарур аст, ки болои масъалаи навсозӣ ва ҷалби мутахассисони кордону болаёқат андеша намоянд. Фарҳанги муошират, қабулу гусели меҳмон, иззату икром, ҷобаҷокунӣ, гузаронидани экскурсияҳои шавқовар, бунёди фазои солиму таассуротбахш-ин ҳама дар ҳоли беҳдошт метавонад як омили муҳими ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон гардад.

«Таваҷҷуҳи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили  густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ пайваста эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки дар Паёми навбатӣ  Президенти мамлакат аз корҳои анҷомёфта дар ин самт ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ ҷорӣ гардад. Ҳамзамон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм фаъол аст, ки ин гувоҳи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи туризм ҳамчун соҳаи афзалиятдори иқтисодиёти мамлакат мебошад»,-баён дошт Ф. Қодиров.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд».

Ин таъкид масъулини соҳаро водор месозад, ки бо дилу дидаи гарм ва виҷдони пок чиҳати рушди соҳаи туризм бо андешаҳои тозаю навоварона устуворона қадам зада, дар наздиктарин муҳлат фазои сайёҳии мамлакатро таъмин намоянд ва ба ин восита дар таҳкими инфрасохтори сайёҳии мамлакат ва воридшавии ҳарчӣ бештари сайёҳон ба мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд. Зеро муҳити мусоиди осоишию фароғатӣ,  корхонаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ ҳатман таъсири мусбат мерасонанд.

 

 

 

Май 29, 2017 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард