Кӯлоб: ҷавонон соҳиби кор мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи минтақавии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар ярмарка аз ҷониби 70 ташкилоту муассисаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб 837 ҷойи корӣ ва вазифаи озод ба корҷӯён пешниҳод шуд. Дар ин рӯз 104 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 71 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Мақсад аз баргузории ин ярмарка ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба меҳнат ва шуғл мебошад. Инчунин таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ аст, ки ба ин васила сатҳи зиндагии худро метавонанд беҳтар намоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






