Кирдорҳои номатлуби бархе аз ҷавонон боиси иснод овардан ба шаъни худ ва наздикону пайвандон мегардад
ДУШАНБЕ, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрӣ дар доираи ҳамкории судманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии кишвар, ки дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагон доир гардид, гуфта шуд, ки «дониш чароғи ақл буда, барои инсон мояи манбаи фазлу камол мебошад. Шахси донишманд ва бофазлу хирад дар ҳама давру замон дар майдони набард ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардида, пирӯзӣ ба даст меорад. Зеро дониш инсонро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун сохта, метавонад ӯро соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат гардонад».
Директори мактаби номбурда Саидалӣ Қурбонов аз иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ба роҳ мондани ҳамкории зич бо муассисаҳои таҳсилотӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт: «Саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканӣ, тарбия ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон назаррас буда, чунин иқдом аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат маншаъ мегирад». Сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва кор бо воҳидҳои вазорат Манучеҳр Икромзода оид ба вазъи ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, оқибатҳои рафтору кирдорҳои номатлуби бархе аз ҷавонон, ки боиси доғ овардан ба номи худ ва наздикону пайвандон мегарданд, масъулияти волидайн ва омӯзгорон дар ин самт ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






