Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад: рӯзҳои наздик ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа хоҳад шуд!
ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар дар ҷумҳурӣ аз 12 то 15 майи соли равон ҳаво гарм шуда, дар водиҳо ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо бештар аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» садори маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати ҶТ Умеда Юусупова хабар дод.
Тавре номбурда изҳор намуд, гармшавии ҳаво ба обшавии пиряхҳо ва барфҳои кўҳҳо оварда мерасонад, ки ин сабаби баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва фаромадани сел, ярч ва сангрезаҳо мегардад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рўзҳо зимни гузаштан аз роҳҳои кўҳӣ эҳтиёткор бошанд ва тибқи тавсияҳои зерин амал кунанд:
Дар вақти гармии шадиди офтоб аз соати 13 то 16 бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Агар зарур бошад, дар соя гардиш кунанд.
Барои ҳимоя аз гумшавии оби бадан зарур аст рӯзе аз 1,5 то 3 литр об нӯшанд.
Дар гармо ба кӯдакон бештар бояд таваҷҷуҳ кард, зеро бадани кӯдакон ба гармӣ назар ба калонсолон хеле ҳассос аст.
Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо ҳатман риоя кунанд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






