Лигаи олии футболи Тоҷикистон: «Истиқлол» бар дастаи «Хуҷанд» ғолиб омад

Май 26, 2017 09:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  бозии охирини даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои  «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и  Хуҷанд  дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе  баргузор гардид. Дар ин  бозӣ дастаи «Истиқлол» тавонист бо  ҳисоби  3:0  бар дастаи   «Хуҷанд» ғолиб ояд.

Голҳои  дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи «Хуҷанд» Ромиш  Ҷалилов, Дмитрий Барков ва Соҳибҷон  Ҳакимов  ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки 20-21 май се бозии даври ёздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ барпо гардиданд. Дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии дастаи мунтахаби кишвар бо дастаи мунтахаби Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар  шаҳри Душанбе баргузор  мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.

 

 

 

 

 

Май 26, 2017 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт