Муаррифии беҳтарин либоси мактабӣ дар корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав»

Май 29, 2017 16:21

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади пешниҳод намудани намунаи беҳтарин либоси мактабӣ   дар корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав» бо иштироки   тарроҳон, намояндагони корхонаҳои  истеҳсолӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ намоиши либоси намунавии мактабиро бо назардошти истифодаи матоъҳои ватанӣ  баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии намоиш аз баланд бардоштани мақоми либоси мактабӣ, намоиши ҳунари волои тарроҳон, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои ватанӣ, аз қабили аз нахи пахта ва  мӯина омодашуда ва ба ин васила,  тақвият додани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи матои  миллӣ,   таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани  сифати тарроҳию  дӯхти либоси мактабӣ  бо тарҳи замонавӣ ва истифода аз нигораҳои махсус иборат буд.

Бояд зикр намуд, ки либоси мактабӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такмили тарбияи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон ва ифтихори миллиашон нақши бузург мебозад

Дар  намоиш намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,   ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тарроҳони либоси мактабӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода иштирок намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

 

Май 29, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид