Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Люксембург
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 17 майи соли равон дар шаҳри Люксембург Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Асселборн мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Люксембург муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо натиҷаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Люксембург солҳои 2004 ва 2011 баланд арзёбӣ карда, баҳри таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Пешниҳод гардид, ки барои тақвияти ҳамкории ду кишвар абзори машваратҳои сиёсӣ таъсис дода шавад. Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бояд талошҳои муштарак амалӣ гарданд.
Мусоҳибон доир ба масоили рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистону Люксембург дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд






